Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон
15.03.2026
Ҳамасола 15 март дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҷашн гирифта мешавад.
Соли 1960 ташкилоти ғайритиҷоратии Consumers International (CI) таъсис дода шуд. Ин ташкилот зиёда аз 60 сол боз фаъолият карда, қариб дусад ташкилоти ҷамъиятию давлатӣ ва зиёда аз ҳафтод давлати тараққикардаро муттаҳид менамояд.
Consumers International дар ЮНЕСКО ва СММ ҳуқуқҳои истеъмолкунандагонро ҳимоя карда, кӯмаки таълимӣ ва ҳуқуқӣ мерасонад.
Принсипҳои байналмилалии истеъмолкунандагон:
• Ҳуқуқ ба иттилоот
• Ҳуқуқ ба амният
• Ҳуқуқи интихоб
• Ҳуқуқ ба шунидан
• Ҳуқуқ ба ҷуброни зарар
• Ҳуқуқ ба муҳити солим
• Ҳуқуқ ба таҳсилоти истеъмолкунандагон
• Ҳуқуқ ба қонеъ кардани ниёзҳои асосӣ
Рӯзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби СММ аз соли 1983 таъсис дода шуда, бори аввал 15 марти соли 1983 ҷашн гирифта шудааст.
9 апрели соли 1985 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дастурҳоро оид ба ҳифзи истеъмолкунандагон муқаррар кард ва аз ҳамон вақт ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ба таври қонунӣ эътироф шуданд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» аз 09.12.2004, №12 қабул шудааст. Ин қонун муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон ва фурӯшандагонро ба танзим медарорад.
Дар ҳолати дучор шудан ба вайрон шудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон метавонед ба рақамҳои зерин муроҷиат намоед:
Телефони боварии БМТ: +992 44 600 15 20
Рақами боварии ташкилот: 446005077
Почтаи электронии боварӣ: info@barakat-m.tj